Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 5 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид. Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдусалим ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ як қатор кормандони фаъоли мақомот бо сипосномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Баргузории аксияи ташвиқотӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист
Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба марказҳои савдои Амид воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи 13, «Доро» ва «Анис» барои харидорон ба миқдори 6 ҳазор адад халтаҳои қоғазӣ тақсим карда шуд. Мақсади асосии баргузории чунин аксияи ташвиқотӣ баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон баҳри ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, пешгирии истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ, ивази онҳо ба халтаҳои коғазӣ, ки ба муҳити зист зарар надоранд.
Қадрдонии кормандон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маросими қадрдонии кормандон ва собиқадорони ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуд, ки ин рўзҳо барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи фаромӯшнашаванда ва хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад ва ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар маҷмўъ зиёда аз 130 давлат санаи 5–уми июнро ботантана қайд менамоянд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 июн ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардида, дар асоси он ҳар сол, ҳамчун Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад ва ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ диққати махсус дода мешавад. Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз кормандон ва собиқадорони соҳаро бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.
Аёдати оилаҳои собиқадороне, ки айни ҳол дар ҳаёт нестанд
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва собиқадори соҳа Султонов Абдуазиз оилаҳои собиқадоронеро, ки айни ҳол дар қайди ҳаёт нестанд аёдат намуданд. Ҳомидов Аъзам тайи 24 сол - аз соли 1988 то соли 2012 ҳамчун сармутахассиси соҳаи об то сардори шуъбаи ҳифзи захираҳои об дар Раёсат фаъолият бурдааст. Мухамедҷонов Султонмурод давоми 16 сол - фаъолияташро аз соли 1989 ҳамчун аввалин сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд оғоз намуда, то соли 2005 чун сардори шуъбаи экспертизаи давлатии экологӣ фаъолият бурдааст. Мамадҷонова Мавҷуда аз соли 2013 то соли 2016 дар вазифаи сармуҳосиб фаъолият бурда, ҳангоми сафари хизматӣ вафот намудааст.