Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс бо ҷавонони мақомот доир гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз вохӯриро оғоз бахшида, доир ба руйдоди таърихӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои бузурги кишвари соҳибистиқлол, дар давраи начандон тӯлонии таърихи навини кишвар, ба вуқуъ пайвастани навгониҳои беназир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва инчунин дастоварҳои мақомот дар ин давра суханронӣ намуд. Дар баромади худ сармутахассиси Сарраёсат оид ба нақши назарраси ҷавонон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои экологӣ, давлативу сиёсӣ, қайд намуда, зикр карда шуд, ки аз ҳисоби умумии кормандони Сарраёсат 74%-ро ҷавонон ташкил дода, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар асоси нақшаи кории шуьбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров ва нақшаи тасдиқгаштаи Сарраёсат дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ ва ҷамоати шаҳраки Б.Ғафуров бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо зиёда аз 200 нафар аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» гузаронида шуд. Рафти аксияаз ҳудудҳои аҳолинишин ва қадди роҳҳо 6 тн партовҳои гуногун бароварда шуд. Баргузории аксия тибқи нақша тариқи телевизиони ҷумҳуриявии Синамо ба навор гирифта ва намоиш дода шуд.
Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор
Тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи масоили муҳими замон буда, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии таъсири манфии оқибатҳои он бояд чораҳои саривақтӣ андешида шаванд. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бароибеҳбудии ҳолати экологӣ ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон бо Ташкилоти ҷамъиятии«Гурӯҳи ҷавононоидба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории судманди бисёрсола дошта, дар соли равон низ якҷоя чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар идомаи чорабиниҳое, ки рў ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон нигаронида шудааст, дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзўи «Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор» баргузор гардид.
Семинари омӯзишӣ Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
Санаи 22 июли соли равон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Сугд семинари омӯзишӣ бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. доир гардид. Дар семинар сардорони шуъбаҳо, мудирон ва сармутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кормандони Сарраёсат иштирок доштанд. Сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. тибқи барнома талаботи қонунгузории санҷиши субъектҳои хоҷагидор, инчунин тавакалнокии субъектони хоҷагидорӣ, дуруст таҳия намудани нақшаҳои корӣ, мушаххас намудани самти санҷиш, дақиқ нишон додани мӯҳлат ва натиҷаи санҷишро мавриди омӯзиш қарор дода, намунаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои оғоз, рафти санҷиш ва натиҷаи он таҳия мегарданд, пешкаши иштирокчиён намуд. Иштирокчиёни семинар доир ба мавзӯҳои болозикр, муаммоҳои ҷойдошта ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.