Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 9 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Халқ овозӣ», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, »«Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» , радиои «Замон» ва «Пайванд» дар маҷмӯъ, 32 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2022 дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба корбарӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвоноти нодир, таъсири сардиҳо ба захираҳои моҳии обанбори Баҳри тоҷик, таъсири радиофаъолнокӣ ба участкаҳои наздиҳавлигии соҳили рости шаҳри Хуҷанд, назорати корхонаи коркарди пӯст, ки партовобаш манбаи обиро ифлос менамояд, ҷой доштани ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон дар миқёси вилоят ва тадбирҳои андешидашуда, ҳифз ва барқарор намудани хатти муҳофизатии ҷангал ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Идомаи корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент
Аз ҷониби зерсохтори сарраёсат дар шаҳри Панҷакент амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур олами ҳайвоноту парандагони ваҳшии дар минтақаҳои баландкўҳи ҷамоати деҳоти Моғиён ва Фароб сукунат дошта, бо хўроки иловагӣ, аз он ҷумла 200 кг гандуми майда, 200 кг ҷав, 200 кг биринҷи майда, 200 кг сабўс ва 50 адад бастаи хошоки дурушт таъмин гардиданд. Мувофиқи маълумоти мутахассисону коршиносон талафоти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳавои фасли зимистони соли равон ба қайд гирифта нашудаст.
Вохўрӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт
Кормандони бахши ҳифзи муҳитизистдарноҳияи Ашт тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани вохўриҳо ҷиҳати шарҳ додани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф корбариро роҳандозӣ намуданд. Дар маҷмўъ, дар чор муассисаи таълимӣ - муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 2, № 17, № 36 ва № 65-и ноҳияи Ашт бо хонандагону омўзгорон вохўриҳо гузарониданд. Дар рафти вохўриҳои мазкур оид ба ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ, эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рўзи чаҳонии пиряхҳо» ба иштирокдорон маълумот пешниҳод гардид.
Татбиқи назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳа
Гузаронидани амалиёти фаврӣ доир ба назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъбаҳои сарраёсат якҷоя бо нозирони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо чунин амалиётҳо гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ду нафар шаҳрвандон, Турдимуротов А., сокини маҳаллаи 34 ва Раҳматов И., сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров боздошт гардида, нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд. Боз як нафар сокини маҳаллаи 18-и шаҳри Хуҷанд Ҳоҷиев Ф. ҳангоми сўзонидани хазону партовҳо боздош гардид, ки нисбати ў низ бо моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудаст.Бо ҳамин намуд қонунвайронкунӣ – сўзонидани партовҳо дар ноҳияи Ҷ.Расулов, аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Деҳмой Зуҳуров И. ошкор гардид ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
More Articles...
- Ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар муассисаҳои таълимӣ
- Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар шаҳри Истаравшан
- Мизи мудаввар дар МДТ “Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд”
- Вохўрии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо хонандагони муассисаи таълимӣ