Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисон доир ба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» вохўрӣ ташкил карда шуд. Бо ин мақсад дар назди нишастагон роҳбари Маркази обу ҳавосанҷӣ дар вилоят Ҳомидов А. баромад намуда, оид ба пиряхҳои Тоҷикистон ва вазъи имрўзаи онҳо, дарёҳои калонтарин ва дар бораи санаи 14 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қабул кардани қатъномаи «Соли 2025 —Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, маълумот дод. Қайд гардид, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Ҳамзамон,аз оғози соли 2025 минбаъд, ҳар сол таҷлили 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз тарафи кормандони сарраёсат якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.
Тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он дар таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд. Минбаъд, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми навбатӣ гузошташуда, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят тамоми имконияту захираҳоро истифода намуда, барои амалии пурраи онҳо тадбирҳои заруриро меандешанд.
Аксияи «Барқарорсозии дарахтони боғи фарҳангию фароғатӣ»
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба муташаккилона гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ барои мавсими ниҳолшинонии тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ, ки бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №557 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии мухити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои соли 2022» тасдиқ гардидааст, санаи 17 декабри соли 2022, дар МД «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд аксияи ниҳолшинониро баргузор намуд. Ба гузаронидани аксияи экологии ниҳолшинонӣ кормандони муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои дахлдор ва баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷавонон, донишҷўён ва хонандагони литсейҳои касбӣ ҷалб карда шуданд. Боиси қайд аст, ки дар боғи фарҳангию фароғатии мазкур тибқи талаботи меъёрҳои амалкунанда миқдори дарахт нисбат ба майдон кам буда, ба афзоиш ниёз дорад. Бо мақсади беҳсозии ҳолати экологии минтақа ва ҳудуди боғ дар рафти чорабинӣ зиёда аз 800 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкану хамешасабзи барои шинонидан дар ҳамин гуна боғҳо мувофиқ, шинонида шуд. Бо ин мақсад аз ҷониби сарраёсат ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, кастона, павлония ва дигар харидорӣ гардид.
Озмуни экологии «Мо дўстдори табиат» байни кўдакон натиҷагирӣ шуд
Дар МТТ№ 1-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Мо дўстдори табиат» бо иштироки сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист Азиз Ғуфронзода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов ҷамъбаст карда шуд. Бояд қайд намуд, ки озмуни «Мо дўстдори табиат» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16 –уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" гузаронида шуда, ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Баъди омўзиш ва баррасӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз миёни иштирокдорон 32 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ғолиб дониста, бо туҳфа ва сипосномаҳо қадршиносӣ намуданд. Шоҳҷоиза насиби тарбиятгиранда аз МТТ №19 Азимҷон Ҳасанов гардид. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун ташаккул ва баланд бардоштани мавқеи фаъоли кўдакон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи иҷрои рукнҳои “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади тарбия ва маърифати экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули хохиши устуувори, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ сурат гирифта, дарки афзалият доштани маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.
More Articles...
- Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Конибодом
- Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт
- 11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор
- Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик