Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон

  Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад. Бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, кормандони КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр", омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр дар назди даромадгоҳи шаҳр,  боғу гулгаштҳои шаҳр 152 бех ниҳолҳои  сояафкан,  ҳамешасабзу ороишӣ  шинонида шуд. Интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ба эътибор гирифта шуд. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Гулистон

 Бо мақсади тоза обод нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитариву экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар даромадгоҳи шаҳр, назди дидбонгоҳи БДА, кӯчаҳои марказии назди ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, соҳили обанбори Баҳри Тоҷик, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад   қуттиҳои махсус барои  зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ин иқдом тибқи дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон роҳандозӣ гардид.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан

 Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати санитариву экологӣ дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби 250 нафар сокинони шаҳр, кормандони воҳидҳои сохторӣ, идораҳо, муассисаҳои таълимӣ новобаста аз тобеият ва шакли моликият ҳашари тозагиву ободонӣ гузаронида шуд. Дар ҳашари умумишаҳрӣ қадди роҳҳои протоколии хиёбони Истиқлол, Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Оли Сомон ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуда, тариқи техникаҳои борбардори КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ш.Истаравшан ва Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ ба миқдори 7 тн партов интиқол дода шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал, соҳил» дар шаҳри Панҷакент

  Баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди деҳоту шаҳри Панҷакент бо иштироки  фаъолонаи кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ ва соҳибкорон аксияи «Тозагии маҳал, соҳил» гузаронида шуд. Бо ин мақсад дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот  барои тоза намудани манбаъҳои обӣ - сойи деҳаи Ёрӣ, сойи Мисрак, сойи Зебон 715 нафар шахрвандон иштирок доштанд.  Дар натиҷа  ба масофаи 2320 метр сой аз партовҳои маишӣ тоза карда шуда, 6,2 тн партовҳои сахти маишӣ ба воситаи нақлиётҳои боркаш ба партовгоҳҳои расмӣ ҷой гиронида шуд. Инчунин дар шоҳроҳи Панҷакент - Айнӣ, роҳи деҳаи Сӯфиён шаҳраки Суғдиён, роҳҳои дохили шаҳр ба масофаи 2107 м тулони аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.