Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, ташвиқу тарғиби масъалаҳои экологӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо омӯзгорони фанни экология ва хонандагони фаъоли муассисаи таълимии миёнаи умумии № 3 вохӯрӣ - семинар гузаронида шуд. Хонандагон ва омӯзгорон, кормандони бахш вобаста ба муаммоҳои ҳифзи муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар аксия ва озмунҳои экологӣ баромад намуданд. Дар интиҳо барои ҳамкории доимӣ ва иштироки фаъолона дар аксияҳои экологӣ ба омӯзгорон ва хонандагони фаъол сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент супорида шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Спитамен
Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф дар ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Саидқалъа партови бесоҳиб бартараф карда шуд. Дар натиҷа партов ба миқдори 7,5 м3 ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар ноҳияи Спитамен
Бо мақсади таъмин ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ дар маркази ноҳияи Спитамен ва шоҳроҳи Хуҷанд - Чаноқ зиёда аз 20 адад қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ҳамчунин аз тарафи КДФ ХМК-и ноҳия зиёда аз 12 адад қуттиҳо барои ҷамъоварии партовҳо таъмир карда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби масъалаҳои экологӣ, 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.
Беҳдошти муҳити зист - ояндаи солимии ҷомеа
Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Раҳматзода С. дар бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимни суханони табрикотӣ муовини раиси ноҳия қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои экологӣ пайвастадар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Сипас барои тарғиби маърифати экологии аҳолӣ, пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ба кормандони бахш сипосномаи раиси ноҳия тақдим карда шуд.
More Articles...
- Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод
- Аксияи тозагӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таҳти унвони «Ободию созандагӣ мароми мост»
- Ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Табиат хонаи мост, онро ҳифз бояд кард» дар шаҳри Конибодом
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят