Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади таъмин ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист,  баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ дар маркази ноҳияи Спитамен ва шоҳроҳи  Хуҷанд - Чаноқ зиёда аз 20 адад  қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ  насб карда шуд. Ҳамчунин  аз тарафи КДФ ХМК-и  ноҳия зиёда аз 12 адад қуттиҳо барои ҷамъоварии партовҳо таъмир карда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби масъалаҳои экологӣ, 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.

Беҳдошти муҳити зист - ояндаи солимии ҷомеа

  Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Раҳматзода С. дар бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ  вохӯрӣ  гузаронида шуд. Зимни суханони табрикотӣ  муовини раиси ноҳия  қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба масъалаҳои экологӣ  пайвастадар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Сипас барои тарғиби маърифати экологии аҳолӣ, пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ба кормандони бахш  сипосномаи раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Умарзода Р.,намояндагони шуъбаи маориф, хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Зимни баромади иштирокчиён доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон,  иштирок ва саҳми хонандагон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ қайд гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ барои иштироки фаъол дар беҳдошти муҳити зист ба муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ сипоснома ва туҳфаҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия тақдим карда шуд.

Аксияи тозагӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таҳти унвони «Ободию созандагӣ мароми мост»

  11 июни  соли равон мувофиқи нақша чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зист  дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар аксияи мазкур беш аз 200 (дусад) нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолону аҳли зиё баромада, кӯчаву растаҳо ва гирду атрофи иншоотҳои давлатию ҷамъиятиро тоза намуданд. Куҳистони Мастчоҳ  бо манзараҳои дилфиребу табиати биҳиштосояш дар меҳвари таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру сайёҳат қарор дорад. Ҳамарӯза дар ин диёр, махсусан дар шаҳраки Меҳрон меҳмонони зиёде рафтуо мекунанд. Аз ин хотир, барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гӯшаи он, бахусус шароити мусоиди истироҳат муҳайё кардан барои меҳмонону бошандагони маҳаллӣ ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегирад. Ёдовар мешавем, ташаббусҳои мавриди назар аз роҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бобати тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, бунёди иншоотҳои ҳозиразамон, шароити мусоид фароҳам овардан ва сарсабзу хуррам гардонии ҳар гӯшаи он пайваста чунин аксияву шанбегиҳо ва нишасту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.