Дар бинои Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, омўзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, васоити ахбори омма, як қатор ташкилоти ҷамъиятӣ, экофаъолон ва кормандони худи марказ нишасти иттилоотӣ баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ бахшида шуд. Мақсади асосии нишаст ин даъвати якдигар ва ҷомеа барои зиндагии ҳамоҳанг бо табиат мебошад. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони экофаъол маърӯзаҳо оид ба масъалаҳои гуногунии биологӣ, эҳтиром ба он, андешидани чораҳо барои ҳифзи он, рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон, зеҳни сунъӣ дар экология ва баланд бардоштани сатҳи маърифат дар байни аҳолӣ пешниҳод карда шуданд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Зафаробод
Бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пеш истода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи корӣ, шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҳамкории Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Зафаробод амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.
Корҳои ободонӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои он, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент назди бинои маъмурӣ ба миқдори 1900 адад гули мавсимиву ороишии тагетес шинонида шуд. Ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бинои бахш бо шиори идона бахшида ба ин санаи экологӣ ороиш дода шуда, гузаронидани вохуриву суҳбатҳо низ пешбинӣ гардидааст.
Шиносоии кормандони Раёсат аз рафти марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳо
Таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва афзун намудани захираҳои моҳӣ зери назорати доимии коршиносону мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд қарор дорад. Дар рафти шиносоии навбатӣ аз ҶДММ "Корпоратсияи моҳии тоҷик" маълум гардид, ки хоҷагии моҳипарварии моҳиҳои хушзоти марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳоро оғоз намуданд. Айни ҳол тухми моҳиҳо, кирминаи нав аз тухм баромадаи зағорамоҳӣ ва амури сафед дар марҳилаи афзоиш қарор доранд. Марҳилаи босифати наслгирии моҳиҳо ба барориши бештари кирминамоҳичаҳо мусоидат менамояд. Омилҳои абиотикӣ, ба монанди ҳарорати обу ҳаво ба рафти корҳои наслгирӣ таъсири худро расонида истода бошад ҳам, моҳипарварон тасмим гирифтаанд, ки нақшаи истеҳсоли наслгирии моҳиҳоро бо натиҷаҳои назаррас анҷом диҳанд.