Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар сойи Зевон селроҳаи маркази шаҳри Панҷакент аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷӯёни Донишкадаи озоди Тоҷикистон, омӯзишгоҳи тиббӣ ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот зиёда аз 2700 нафар иштирок доштанд. Дар натиҷаи баргузории аксия 2,8 км роҳрав ва 1,8 км сой аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳр 28 тонна партов интиқол дода шуд. Аксияҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Панҷакент идома дорад.
Ҷамъбасти давраи манъи сайди моҳӣ
Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилояти Суғд ҳамагуна моҳидорӣ манъ гардида буд. Дар ин мӯҳлат ситод бо роҳбарии сардори раёсат таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурӯҳҳои фаврӣ амалиётҳои назоратӣ роҳандозӣ гардида, бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои моҳӣ ва ҷиҳати гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ мунтазам ҳамкориро бо дигар сохтору мақомот амалӣ намуд ва бо ин мақсад намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони вилоят, кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дигар сохторҳо ба кори гурӯҳҳои фаврӣ ҷалб гардиданд. Дар муҳлати аз 1 апрел то 15 июни соли равон аз ҷониби аъзоёни гурӯҳҳои фаврӣ 350 маротиба амалиётҳои фаврию назоратии шабонарӯзӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 322 адад санади азназаргузаронӣ тартиб ва 16 адад хулосаи ихтиологӣ дода шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» доир гардид. Дар он кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, МД хоҷагии ҷангали ноҳия, бахши кор бо ҷавонон, аҳолии ҷамоатҳо қариб 100 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия минтақаи истироҳатӣ, соҳили кӯл ва ҷӯйборҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуд. Дар мавзеи истироҳатӣ 25 адад қуттиҳо барои партофтани партов гузошта шуда, 4 тонна партов бароварда шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар қадди роҳҳо
Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст. Бо ин мақсад дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент (шаҳри Истаравшан) қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд бо воситаи техника 2,5 м3 партовҳои бесоҳиб рӯйпӯш карда шуд. Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар минтақаҳои шаҳри Истаравшан идома дорад.