Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

  Ҳанӯз 24 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Мардуми сарбаланди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд. Аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Вохӯрӣ дар Маркази бозомӯзии шаҳри Панҷакент

  Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», иҷрои нақшаи корӣ ва баҳри ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ дар Маркази бозомӯзиишаҳриПанҷакент бо намояндагони идораи бехдошти замин ва обёрӣ, истифодабарандагони об ва сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Вору вохӯрӣ гузаронида шуд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба иштирокчиён оид ба роҳ надодан ба пармакунии ғайриқонунии чоҳи амудӣ, самаранок истифода бурдани обҳои полезӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ҳангоми истифодабарии обҳои зеризаминӣ бе иҷозати истифодабарии махсус ва дигар масъалаҳо вобаста ба об корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронид. Иштирокчиён низ ба саволҳои худ вобаста ба истифодабарии захираҳои об ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва гузаронидани чунин вохӯриҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷамъбасти озмуни даври вилоятии «Сабз бодо кишварам»

   Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят чорабинии супоридани мукофотҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва диплому тўҳфаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зист ба ғолибони озмуни даври вилоятии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки сардорони Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ., омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Пеш аз оғози маросими қадршиносӣ дар саҳни ҳудуди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят намоиши ҳунарҳои мардумии маҳфилҳои кулолгарӣ, рассомӣ, сӯзанидӯзии дастӣ ва дигар намуди корҳо ва гулҳои парваришгардидаи хонандагони аъзоёни маҳфилҳои марказ ташкил ва пешкаш карда шуд.

Баргузории амалиёти санҷиши аналитикии воситаҳои нақлиёт

  Тибқи нақшаи корӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд амалиётҳои назоратию фаврии гуногун гузаронида мешавад. Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи раёсат дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар кўчаи Сирдарё  баромади шаҳри Хуҷанд ва гардиши “Ором”-и ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар рафти амалиёт 50 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳия ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.