Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани идҳои давлатии миллӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, дар микроноҳияи 28 то маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар аксия 340 - нафар хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 10 ва 13 фаъолона иштирок намуда, кӯчаҳои қадди роҳҳо аз алафҳои хушкшуда тоза гардида, 4,2 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.Гузаронидани корҳои тозагиву ободонӣ дар дигар маҳаллаҳои маркази вилоят идома дорад.
Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021 аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуда истодааст. Давоми моҳ аз тарафи кормандони шуъба ба мағозаву қаҳвахонаҳои шаҳр 15 адад амрнома оиди ғайриқонунӣ хариду фурӯши моҳӣ дода шуда, 15 адад санаду протоколҳо тартиб дода шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт дар ҳудуди бозори «20 солагии Истиқлолият» барои хариду фурӯши ғайриқонунии моҳӣ нисбати Дадобоева М. ва Тураева Д. протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар байни фурӯшандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод ва беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия назди партовгоҳи марказии КДВ ХМК, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷӯёни коллеҷи политехникӣ, литсеи касбии саноатӣ- кишоварзӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, ҳудуди назди партовгоҳ аз партовҳои гуногуни полиэтиленӣ ва қоғазпораҳо пурра тоза карда шуд.