Ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва дар доираи маъракаи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Спитамен як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Зиёда аз 200 нафар намояндагони муассисаю ташкилот ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва аксияи «Тозагии маҳал» иштирок карда, дар натиҷа кўчаҳои маркази ноҳия ва 2 км ҷўйборҳои қадди роҳ тоза гардид ва 7 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар идомаи маъракаи кабудизоркунӣ 2 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз дар канори кўчаҳои ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия шинонида шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ»
Бо мақсади сазовор таҷлил гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалалӣ, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, ҷиҳати тозаву обод намудани маҳалли зист, кӯчаву роҳҳо дар шоҳроҳи Исфара – Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» доир гардид. Иқдоми мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара роҳандозӣ гардида, ба он беш аз 200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 6, 31 ва 32 ҷалб гардиданд. Рафти аксия қадди роҳҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуда, 10 м3 партов ба партовгоҳ бароварда шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар шаҳри Гулистон
Дар доираи сафари кории Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ба вилояти Суғд дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар даромадгоҳи ғарбии шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ Раиси Кумита Шерализода Баҳодур, раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва дигар масъулин иштирок дошта, 28 адад ниҳолҳои сановбари кримӣ ва 200 адад сановбар шинонида шуд. Ба масъулин оид ба густариш додани корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ин макони навободи шаҳр дастурҳои мушаххас дода шуд.
Шиносоии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ
Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи сафари корӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон аз ҷараёни корҳои сохтмони биноҳои маъмурии бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Истаравшан ва Бӯстон дидан намуданд. Ҳангоми шиносоӣ аз ҷониби Раиси Кумита ба масъулон ва сохтмончиён барои босифат ва дар сатҳи баланд ба истифода додани биноҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Ифтитоҳи биноҳои маъмурӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар назар аст.