Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон

  Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист кормандони бахш бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 20 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд -Чаноқ

  Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 марти соли равон дар канори шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ минтақаи шаҳри Истаравшан маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ намояндагони ҳамаи сохторҳо иштирок намуда, зиёда аз 2000 бех дарахти сада шинониданд. Ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан беш аз 6300 ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва сояафкан шинонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Корҳои ободониву дарахтшинонӣ дар ноҳияи Масчоҳ

  Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ ва солимгардонии муҳити зист, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд – Чаноқи ноҳияи Масчоҳ бо иштироки саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии дар шафати роҳ буда, кормандони ташкилоту муассисаҳо шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Рафти шанбегӣ бо ҷалби техника 52 метри мукааб партов бароварда шуда, дар шафати шоҳроҳ 400 бех ниҳолҳои санавбар шинонида шуд. Корҳои ободониву дарахтшинонӣ дар дигар минтақаҳои ноҳия бомаром идома дорад.

Шарҳи мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат аз ҷониби намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят

Санаи 10 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қурбонзода Азизулло баргузор гардид. Зимни баромад намояндаи Раёсати агентӣ қайд намуд, ки Паёми имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан дар соли таърихӣ  30 –умин солгарди Истиқлолияти Ватани азизамон пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики доимии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Дар идома ибрози андеша гардид, ки Пешвои муаззами миллат муқовимат ба коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар ин замина таъкид намуданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.