Иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Шерализода Б.А. дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент

  Баҳри дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ вусъати тоза пайдо карда истодааст. Баҳри кабудизоркунӣ ва ободонии диёр дар ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент маъракаи кабудизоркунӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок дошт. Инчунин дар маъракаи мазкур зиёда аз 180 нафар сокинони ҷамоату деҳот ва кормандони бахш фаъолона иштирок намуда, ба миқдори 150 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Омӯзиши Паём байни хонандагон дар ноҳияи Шаҳристон

  Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақшаи корӣ дар муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумии № 13 ба номи У.Холбоев ва № 16-и ба номи И.Холмуродов- и ноҳия вохурии кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо хонандагон ташкил ва гузаронида шуд. Рафти вохӯрӣ ба хонандагон самтҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, бахусус дар соҳаи маориф ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон оид ба ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат»,тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ ва саҳмгузории онҳо дар рушди босуботи кишварамон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.

Тарғиби нуктаҳои Паём дар муассисаҳои таълимии н.Б.Ғафуров

  Баҳри таъмини иҷрои нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои раёсат оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд, аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 17-и ноҳияи Б.Ғафуров бо хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ доир ба самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ва нуктаҳои муҳимтарини он, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва талаботҳои асосӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, илму маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ шарҳу эзоҳ дода шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон

  Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва бахши ҳифзи муҳити зист бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар кӯчаи марказии Истиқлоли шаҳри Гулистон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 23 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.