Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Масчоҳ

  Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон”-и ноҳияи Масчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 450 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ барои ин маърака 200 бех ниҳоли ардачро харидорӣ намуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар ноҳия беш аз 283 ҳазор бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз, мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.

Чорабиниҳо дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба вилояти Суғд

  Аз соли 2018 инҷониб бо корбарии мунтазами Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар чор ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 1,4 гектар се намуди моҳӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. Дар ҷараёни боздиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба хотири амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ин ҳавзҳо боз 15 ҳазор сар моҳии навъҳои “амури сафед”, “пешонипаҳн ” ва “зағорамоҳӣ” сар дода шуданд. Ҳамзамон бо мақсади афзоиш ёфтани мурғи даштии тазарв  дар табиат аз ҷониби Сарвари давлат 200 тазарви сирдарёӣ дар Боғи мазкур сар дода шуд.

Иди Сада дар шаҳри Конибодом

  Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Иди миллии Сада дар шаҳри Конибодом низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса бо ҷалби тамоми табақаҳои аҳолӣ ҷашн гирифта шуд. Чорабинӣ дар назди варзишгоҳи «Ҷавонӣ» баргузор гардида, дар он маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, гулу парандаҳо, ниҳолҳои ороишиву мевадиҳанда, техникаи кишоварзӣ ,таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом 20 намуди ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу буттаҳо пешкаши аҳолӣ гардид.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Исфара

  Дар асоси фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»санаи 30 январи соли равон дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия ҷавонон ва волонтерони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр якҷоя бо шуъбаи кор ба ҷавонон чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии чавонон мусоидат менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.