Санаи 29 январи соли равон дар боғи Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод ҷашни миллии иди Сада баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо ташкил карда шуда, зиёда аз 30 намуд ниҳолу гулҳо ба харидорон пешниҳод карда шуд.Ин ҷашни қадима ва пуршукӯҳи аҷдодӣ қатори дигар ҷашнҳо дар миқёси вилоят идома дорад.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Суғд бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон барои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва бо мақсади бе талаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия ва иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар мавзеъи Дараи сабз корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 500 кг картошка, 300 кг гандум, 200 кг ҷав, 70 кг намак, 680 кг хошок, 120 кг сабус, 200 кг сабзӣ, 100 кг меваи булут ва 200 кг ҷуворимакка истифода бурда шуд.
Аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Б.Ғафуров
Ба истиқболи ҷашни Иди Сада, дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Дар асоси нақшаи корӣ ва иқдоми шуьбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров оғоз аз гардиши роҳи ноҳияҳои Масчоҳ - Ашт то гардиши осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон бо ҷалби оммаи васеи аҳолӣ, кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳои тиббӣ ва маориф, шуъбаи кор бо ҷавонон – беш аз 600 нафар аксияи «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Дар рафти аксия қадди роҳҳо аз партову алафҳои бегона тоза карда шуда, дар маҷмуъ 8 тн партовҳо бароварда шуд.
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов ва аъзоёни ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар минтақаи баландии “Хитой”, ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.Дар ин мавзеъ, ки ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ сукунат доранд, ба миқдори умумии гандум – 250 кг, ҷав – 50 кг, мошреза – 20 кг пошида шуд. Дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар минтақаҳои ноҳия гузаронидани корҳои биотехникӣ дар назар аст.