Ба истиқболи ҷашни Иди миллии Сада, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Дар асоси нақшаи корӣ санаи 31 январи соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Ғозиён бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо, намояндагони соҳаи тандурустӣ ва мактаббачагони МТМУ №№ 31 ва 49 ҳамагӣ – 250 нафар аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия қадди роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия 5 м3 партов интиқол дода шуд.
2 феврал – Рузи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ
Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ (WorldWetlandsDay) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва Ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст.
Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Дар рӯзҳои истироҳат дар ноҳияи Ҷ.Расулов маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар рафти маърака корҳои ободонию кабудизоркунӣ сокинони ҷамоати деҳоти Гулхона, Ғӯлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод фаъолона иштирок карда, 935 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз, ба монанди кипариси аризонӣ, ардач, каталпа ва санавбар шинонида шуд. Ғайр аз ин, 14 километр ҷӯйбори обгузар, ки барои таъминоти дарахтон бо об хизмат мекунад аз партовҳо тоза гардид ва дар натиҷа 174 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказӣ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ 1150 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар ва 1860 бех ниҳоли дарахти сафедор шинонида шуд. Ҳангоми шинонидани ниҳолҳои мазкур аз ҷониби мутахасиссони соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷавобгӯ будани онҳо ба талаботи стандартӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, умуман ба парвариши ниҳоли солим таъкид гардид. Дар маҷмуъ, дар маъракаи ободонию кабудизоркунӣ беш аз 8,7 ҳазор нафар ҳашарчиён иштирок намуданд.
Паём дастури раҳнамо
Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 29 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо намояндагони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Зунунхӯҷаев З. ва Латипов И. доир гардид. Зимни вохӯрӣ намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд қайд намуд, ки имсол Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти кишварамон пешниҳод гардид. Соли сипаригашта руйдодҳои муҳиму таърихӣ таҷлили ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ баргузор гардид.