Дар давоми як ҳафта аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан амалиётҳои фаврии шабонарўзӣ гузаронида шуд. Мақсади асосии амалиётҳо ба пешгирии буриши ғайриқонунии дарахтон, худсарона чаронидани чорво, шикорӣ ғайриқонунӣ ва дигар амалҳои ғайрирасмии соҳаи ҳифзи муҳити зист равона гардида, дар минтақаи Навобод, мазеъҳои Темур, таги Сурфа ва болои таги Сурфа як қатор қонунвайронкунӣ, аз он ҷумла, буриши дарахтони арча, буттаҳои бисёрсола ва бе чиптаи хоҷагии ҷангал чаронидани чорво ошкор гардид. Дар натиҷа маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо сабаби зиёд будани ҳаҷми зарари ба табиат расонида ва номуайян будани шахсияти қонунвайронкунанда барои баррасӣ ба мақомоти прокуратураи вилоят ирсол гардид.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Конибодом
Нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом бо мақсади пешбурди сиёсати экологӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дар якҷогӣ бо мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии раёсат ва кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар кўчаҳои асосии нақлиётгарди шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти мазкур 25 адад нақлиёти гуногунтамға аз ченкунӣ гузаронида шуда, дараҷаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар муайян гардид. Барои аз меъёр зиёд будани моддаҳои ифлоскунанда, ки аз нақлиёт ба ҳавои атмосфера ихроҷ мегардад, нисбати 4 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Боиси қайд аст, ки тибқи нақшаи пешбинигардида амалиёти «Ҳавои тоза» дар ҳар як шаҳру ноҳия на кам аз 1 маротиба дар семоҳа баргузор мегардад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент
Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар маҳаллаҳоишаҳри Панҷакент аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Мақсади гузаронидани чорабинии мазкур ин тоза намудани маҳалли зист аз партовҳо ва баргҳои хушки дарахтон мебошад, ки ҳамчунин ҷиҳати пешгирӣ аз касалии COVID-19, эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон ва умуман бехатарии экологии минтақа аҳмияти зиёд дорад.
Дар баргузории аксия беш аз 500 нафар сокинони маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуда, асосан бо корҳои тоза намудани саҳни ҳавлии биноҳои бисёрошёна ва кўчаю роҳ машғул шуда, аз ҷумла зиёда аз 5,5 км ҷўйборҳои қади роҳ тоза гардид. Ба партовгоҳи шаҳрӣ кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ зиёда аз 30 метри мукааб партов бароварда ҷойгир намудаанд.
Семинар-вохўрӣ бо донишҷўён дар шаҳри Хуҷанд
Бахшида ба санаи 10 октябр - Рўзи ҷаҳонии муҳоҷирати парандаҳо дар факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» семинар – вохўрии намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо донишҷўён баргузор гардид. Аз чониби мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба аҳмияти ҳифзи муҳоҷирати парандаҳо, дар фасли зимистон гузаронидани корҳои биотехникӣ дар доманаи кўҳҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи олами ҳайвонот суханронӣ карда шуд. Дар охири семинар – вохўрӣ саволу чавоб бо мутахассисон ва ҳам бо донишҷўён ба амал омада, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.