Санаи 27.09.2020, рўзи истироҳат, кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади иштирок дар маъракаи чиниши пахта ва гузоштани саҳми худ ба хирмани диёр ба ноҳияи Б.Ғафуров, сафарбар шудаанд. Дар баробари кормандони раёсат дар ҷамъоварии ҳосили пахта якҷоя кормандони дигар сохторҳои давлатӣ низ иштирок намуданд. Дар майдони пахтазори бригадаи №18 хоҷагии КИХГ ба номи Т.Кўшатови ҷамоати деҳоти И.Ҳамзаалиеви ноҳия дар як рўз, аз ҷониби 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист зиёда аз 400 кг пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирмани ҳоҷагии мазкур супорида шуд.
Оғози сохтмони бинои нави бахши шаҳри Бўстон
Санаи 22.09.2020 дар шаҳри Бўстон бо иштироки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., раиси шаҳри Бўстон Ҳошимзода Р. ва дигар шаҳсони масъулу намояндагони мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳр оғози сохтмони бинои маъмурии нави бахши ҳифзи муҳити зист амалӣ гардид. Боиси қайд аст, ки бинои 2-ошёнаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон сохта мешавад ва ифтитоҳи он то ин чашни бузург пешбинӣ гардидааст.
Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмун
Санаи 22 сентябри соли ҷорӣ дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон чорабинии супоридани диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявии байни хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умуми ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Оғоз аз моҳи марти соли равон озмун барои хонандагондар мавзӯи«Тозагии муҳити зист – омили саломатии ҷомеа» ва намояндагони васоити ахбори омма таҳти унвони«Сатҳи баланди маърифати экологӣ - пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» эълон гардида буд. Озмунҳои мазкур ҷиҳати мусоидат ба татбиқи фарогирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 – 2028 ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар 6 номинатсия баргузор гардида, дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуд.
Безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям оғоз мегардад
Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ намудани ифлосшавии муҳити зист ва безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада, дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори тамғаи “ЭКОТРОМ-2” - 150-300 истеҳсоли Федератсияи Русияро харидорӣ намуда буд.
Таҷҳизоти мазкур бо қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2020, №242 ҷиҳати ба кор андохтан ба тавозуни ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Чароғ”-и шаҳри Исфара гузаронида шуд, ки минбаъд пас аз омода гардидани мутахассис дар миқёси вилояти Суғд безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям оғоз карда мешавад.