Ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти 9 моҳаи мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят санаи 4 сентябри соли равон бо иштироки муовини сардори Раёсат Абдумаликзода Б.А. бо сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо маҷлиси назоратӣ баргузор гардид. Рафти маҷлис оид ба корбарӣ “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, пешгирии ифлосшавии манбаҳои обӣ, пешгирӣ намудан аз ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои шифобахш, хӯрданибоб ва фурӯши ғайриқонунии он, ба ҳисоб гирифтани шумораи аслии табиатистифодабарандагон, тартиб додани феҳристи умумии субъектҳои хоҷагидор, назорати давлатӣ дар самти истифода ва ҳифзи замин, сарватҳои маъмули умум ва муомилот бо партовҳо, мунтазам гузаронидани аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Ҳавои тоза”, таъмини қарзи 20% ба суратҳисоби маблағҳои махсуси ҷумҳуриявию вилоятӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолият баррасӣ гардид.
Тозаву обод намудани соҳили Сирдарё
Ба истиқболи ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию созандагӣ мунтазам идома дорад. Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади тозаву обод намудани соҳили дарё дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат соҳили дарёи Сир бо иштироки кормандони Сарраёсати ободонӣ аз алафхои бегонаи гуногун ва партовҳо тоза карда шуда, дар натиҷа ба партовгоҳ 8,2м3 партов бароварда шуд.
Ҳашари дастаҷамъона дар шаҳри Истиқлол
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол дар махаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол шанбегии дастаҷамъона бо иштироки беш аз 200 нафар сокинони маҳалла доир гардид. Ҳашарчиён гирду атрофи маҳалла ва қабристонро пурра аз алафҳои худруйи гуногун ва партовҳои ҳархела тоза намуда, тақрибан 4 м3 партов бароварда шуд. Ҳамчунин бо мақсади барқарор кардани қабати фарсудашудаи роҳ кӯчаи асосии маҳалла ба масофаи 1 км таъмир карда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан
Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсат бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ бо иштироки аҳолӣ, кормандони муассисаҳои таълимӣ, маориф ва дигар сохторҳо гузаронида шуд. Назди муассисаҳои давлатӣ, кучаву хиёбонҳо аз алафу партовҳои гуногун пурра тоза карда шуданд.