Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол, ҳамҷоя бо шуъбаи назорати таҳлил бо мақсади пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт ва беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 15 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Конибодом
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 41 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Корҳои ободонӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободу зебогардонии муҳити атроф дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда истодаанд .Бо ин мақсад дирӯз дар кучаҳои маҳаллаҳои Ҷ.Расулов, Сари баланд, Навбахор бо иштироки беш аз 430 нафар сокинони махалла, соҳибкорон ва кормандони муассисаҳое, ки дар қадди роҳ ҷой гирифтаанд, аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ҷуйбор ба масофаи– 2310 м, худуди маҳалла ба масоҳати – 1420 м2, қадди роҳҳо – 2600 м, майдонхо аз алафхои худруй ва партовҳо ба масоҳати – 320 м2 тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳрӣ 3м3 партов бароварда шуд. Баргузории чунин шанбегиву корхои ободонӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд низ идома дорад.
Корҳои ободонӣ дар Маҷмааи таърихӣ фарҳангии «Қалъаи Муғ»-и шаҳри Истаравшан
Маҷмааи таърихӣ фарҳангии «Қалъаи Муғ» яке аз ҷойҳои тамошобоби шаҳри Истаравшан буда, таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Муғ дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории таърихӣ бештар ҷалб гарданд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» бо иштироки сокинони ҷамоату деҳот шанбегӣ умумишаҳрӣ доир гардид. Дар рафти шанбегӣ бо баробари таъмири роҳраву нуктаҳо, ҳудуди маҷмаа пурра аз партовҳо тоза карда шуд.