Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки беш аз 650 нафар ҳашарчиён аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Рафти аксия 500 метр ҷуйборҳо ва 2000 метр қадди роҳҳо, 500 метр заҳбуру каналҳо тоза карда шуданд. Дар натиҷаи аксия 26 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ
Дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент бо тантана 5500 солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани љашни мазкур дар ин минтақа корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Бо баробари гузаронидани хашару шанбегиҳо дар шаҳри Панҷакент инчунин бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ дар мамнунъоҳи Саразми бостонӣ 15 бех дарахти бед шинонида шуда дигар корҳои ободонӣ идома дорад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен
Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода дар ноҳия ксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия сокинони маҳаллаҳо, кормандони ташкилоту идораҳо ҳамагӣ 420 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия кӯчаҳои марказии ноҳия бо истифодаи 1 адад техника тоза карда шуда, 5 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии махал ва роҳ» дар шаҳри Истаравшан
Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Санаи 22 август дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» бо иштироки дастҷамъонаи қариб 1,5 ҳазор аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо доир гардид. Ҷараёни аксия 2400 метр ҷуйбор тоза карда шуда, роҳравҳо ба масоҳати 2 ҳазор метр таъмир гардид Инчунин ба партовгоҳи шаҳр 16,5 м3 партов бароварда шуд.