Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи санитариву экологӣ, эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 60 адад қуттиҳои партов нав карда шуданд. Боиси зикр аст, ки дар шаҳр 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, тибқи нақша дар вақти муайянгардида гирифта шуда, мавзеъҳои мазкур мунтазам безарар гардонида мешаванд. Дар миқёси тамоми шаҳр низ иваз намудани қуттиҳои партов дар назар аст.
Амалиётҳои шабонарӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд
Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, ҳангоми гузаронидани амалиёти шабонарӯзӣ муайян гардид, ки дар кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Хуҷанд аз тарафи КВДК ХНС-и шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар мӯҳлати муайянгардида партовҳо гирифта мешаванд. Амалиёти мазкур махсусан дар фасли тирамоҳ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯзонидани барги дарахтон ва партовҳои истеъмолӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар нуқтаҳои санҷиши техникӣ
Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои санҷиши техникии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 73 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, муайян гардид, ки меъёри стандартҳои давлатӣ вайрон карда нашудаанд.
Вохӯрӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, бо икдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Ҷ.Расулов бо кормандон ва сокинони фаъоли ҷамоат вохӯрӣ доир гардид. Кормандони бахш ба ҳозирин дар мавзӯи пешгирии ғайриқонунии шикори ҳайвонот дар мавсими шикор, масъалаҳои партов, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯзонидани барги дарахтон, саҳми сокинони маҳаллаҳо дар тозаву обод намудани муҳити атроф баромад намуданд.