Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат ба истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров дар сойи Хоҷабоқирғони ҷамоати деҳоти Ғозиён аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки сокинони ҷамоат, бахусус ҷавонони ташаббускори ихтиёрӣ, ки дар ободии муҳити зист бетараф нестанд, новобаста аз рӯзҳои корӣ доир гардида, сой аз ҳаргуна партовҳои гуногуни маишӣ пурра тоза гардид. Дар натиҷа 2 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Зафаробод
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат, бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод аз тарафи кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёти мазкур 30 адад воситаҳои нақлиёт, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда мавҷуд мебошад аз ташхис гузаронида шуд.
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад…
Субҳи имрӯз сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ҳашар баромада, ду тарафи роҳи Бӯстон - Азизобод, ки ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон ва Палдоракро ба маркази ноҳия мепайвандад, аз алафу хошок тозаву озода намуданд. Чунин кори наҷиб дар доираи ҳашари умуми ноҳиявӣ, ки дар Мастчоҳ ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидааст, сурат гирифта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳоли мусоидат менамояд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод
Дар асоси нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 400 нафар кормандони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Дар давоми аксия 1120 метр ҷуйборҳо тоза карда шуда, зиёда аз 3500 бех гулҳо шинонида шуда, 450 бех дарахтон сафед карда шуд. Ба партовгоҳи ноҳия 6,7 м3 партовҳо бароварда шуд.