Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми дуюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2024» бо дастгирии шарикони рушд ва мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд, Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба идоракунии маҷмӯии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Форуми мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии рушди Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад ва баҳри амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар форуми мазкур аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо омӯзгорон ва роҳбарони се ташкилоти ҷамъиятӣ бо як гурӯҳ аъзоёни фаъоли ҳаракати «Нозирони сабз» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар маҷмуъ беш аз 300 нафар иштирок доштанд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9 моҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода И., сардори сарраёсат Холзода С.Х. , сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Рафти ҷаласа аз тарафи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода И. фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ ва назорати ҳолати экологӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ вазифагузорӣ шуд.
Забони миллат – ҳастии миллат
Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Б.А. пас аз суханони табрикӣ нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Қайд карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низдар фаъолияти худ талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мусобиқаи экологии «Бозиҳои тоза» дар шаҳри Истаравшан
Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи экологии "Бозиҳои тоза" доир гардид. Чорабинӣ бо икдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ташкил карда шуда, дар он 120 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштанд. Иштирокчиёни мусобиқа 640 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ гардида, ба ғолибони мусобиқаи экологӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.