Ифтитоҳи маҷлисгоҳи замонавӣ ва баргузории ҷаласаи сайёри Кумита дар вилояти Суғд

7 августи соли 2025 дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маҷлисгоҳи нав  бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалишавандаи соҳавӣ ифтитоҳ гардид. Сохтмони маљлисгоњ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, он дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо усули замонавӣ сохта муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалкунандаи соҳавӣ баргузор гардид.

Ҷамъбасти озмуни «Зарурати ҳифзи пирьяхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» байни мактаббачагон

  Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар мавзӯи «Зарурати ҳифзи пирьяхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» доир гардид. Дар он муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Абдумаликзода Б.А., муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Хоҷибоева Р., омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Зимни баромад муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Абдумаликзода Б.А. барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли онҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҷалби онҳо дар ҳалли муаммоҳои экологӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ изҳори ақида намуд. Ҳамзамон муовини  директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят  Хоҷибоева Р. баромад намуда, баргузории чунин озмунҳои экологиро дар байни мактаббачагон саривақтӣ арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи мактаббачагон ба масъалаҳои экологӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳо бештар шудааст, ки ин ба баланд шудани маърифати экологии онҳо  мусоидат менамояд.

Муаррифии нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

  Санаи 23 июли соли ҷорӣ дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимон, мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар ниҳодҳои манфиатдор муаррифии нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2024, №879 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) пазируфта шуд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор Тоҷикистонро дар ин Иттиҳод намояндагӣ мекунад ва Китоби сурх низ мутобиқи талаботи он таҳия шудааст. Соли 2023 бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳияи нашри сеюми китоб оғоз гардид. Дар он маълумот оид ба 304 намуди наботот ва 242 намуди ҳайвонот оварда шудааст, дар ҳоле ки нашри қаблӣ (солҳои 2015) 267 намуди растанӣ ва 222 намуди ҳайвонотро дар бар мегирифт.

Ҷаласаи ҳамоҳангсозии марказҳои Орхус аз се давлати ҳамсоя ва ҷонибҳои манфиатдор дар шаҳри Хуҷанд

  Дар толори  меҳмонхонаи «Суғдиёни» шаҳри Хуҷанд бо мақсади таваҷҷӯҳ ба ҳамкории минтақавӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи ҳамоҳангсозии марказҳои Орхус ва ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ» (Марҳилаи III) ташкил гардида, ҳадафи лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ бар асос ва дастгирии ҳаллӣ масъалаҳои ҳассос ба ҷанбаҳои гендерӣ оид ба хатарҳои эҳтимолӣ ба аҳолии ҷамоати маҳалҳо дар маконҳои мероси уран дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нигаронида шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.