Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳр ирсол гардид.
Шаҳристон - гӯшаи биҳиштосои табиати Тоҷикистонро аз партовҳо эмин нигоҳ дорем!
Минтақаи Шаҳристон бо табиати нотакрору дилфиреб, чашмасорони мусаффо ва кӯҳсорони сабзу пур аз гиёҳҳои шифобахш ҳамеша диққати дӯстдорони табиат ва истироҳаткунандагонро ҷалб менамояд. Хусусан, мавзеъи зебоманзари Хуррамдара дар фасли баҳору тобистон ба як макони серодами истироҳат табдил меёбад. Аммо, мутаассифона, дар баробари зиёд шудани теъдоди истироҳаткунандагон, баъзан мушоҳида мешавад, ки сатҳи ифлосшавии муҳити зист низ рӯ ба афзоиш дорад. Ба ҳамин хотир, кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо телевизиони «7 Ситора» масъалаи ифлосшавии минтақаи истироҳатии Хуррамдарраи ноҳияи Шаҳристонро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор доданд. Ин иқдом дар пайи нашри маводи танқидии сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардид. Дар натиҷаи санҷиши гузаронидашуда, ҳолатҳои сершумори ифлосшавии соҳилҳои манбаъҳои обӣ бо партовҳои гуногун ба қайд гирифта шуд. Гузашта аз ин, муайян гардид, ки дар баъзе мавридҳо партовҳо ғайрирасмӣ ба чуқуриҳо партофта шудаанд.
Баргузории вохӯрӣ бахшида ба 15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим дар шаҳри Истиқлол
Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳри Истиқлол, бахшида ба 15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим дар толори МДТ «Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол» вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо донишҷӯёну омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид. Чорабинии иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва пешниҳоди маълумот дар бораи ин санаи муҳими экологӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ташкил карда шуд. Дар баробари ин, рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат маълумот доир ба тағйирёбӣ ва гармшавии глобалии иқлим, рушди «иқтисоди сабз» ва «энергияи сабз», муаммоҳои ҷаҳонӣ дар таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, ифлос шудани таркиби ҳавои атмосфера, партовҳои паластикӣ, олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳимияти болоравии сатҳи маърифати экологии ҷавонон пешниҳод гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 21 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳр ирсол гардид.