Дар қисми ифтитоҳи бинои нави бахши ш.Панҷакент аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ мудири бахш Иноятов У., ки ба нафақа баромад нишони сарисинагии “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” супорида шуд.
Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои соҳавӣ - нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» ба мудирони бахшҳои ноҳияҳои Мастчоҳ Шохоҷаев Ҳасанхоҷа ва Айнӣ Халилов Шараф, мутахассиси пешбари бахши н.Ч.Расулов Ҳасанов Улуғбек супорида шуд. Ғайр аз он, сардори Раёсат Темурҷон Нӯмонзода, сардорони шӯъбаҳои Раёсат Раупов Даврон ва Самадов Алишер бо ифтихорномаи Раиси Кумита сарфароз гардонида шуданд.