Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи «Ободонии маҳалли зист»-ро гузаронида истодааст.
Санаи 13 августи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Шаҳристон, Хуҷанд, Бӯстон ва Ҷ.Расулов бо иштироки зиёда аз 7404 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо аксияи “Тозагии маҳал” доир гардид.