Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сардори Шӯъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияиРаёсат маоши мансаби 1207,90 сомонӣ; (категорияи сеюм)

- сардори шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маоши мансаби 1207,90 сомонӣ; (категорияи сеюм)

- сармутахассиси Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат маоши мансаби 894,40 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- Мутахассиси пешбари Шӯъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзимуҳитизистивилояти Суғд; маоши мансаби 769,60 сомонӣ; (категорияи шашум)

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;

Маҷлис бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 4 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки кормандон доир гардид. Дар баромади худ сардори Раёсат Темурҷон Нӯмонзода иброз намуд, ки боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти мӯътабари байналмилалӣ эътироф шудааст. Маҳз сокинони Ватани соҳибистиқлоламон бо қабули Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузоштаанд. Арзиши баланди Қонуни асосии кишвар дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он зоҳир мешавад.

Семинари бозомӯзӣ таҳти унвони «Ғайриқонунӣ буриши дарахтон дар фасли зимистон»

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» санаи 2 ноябри соли равон дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон семинари бозомӯзӣ дар мавзӯи «Ғайриқонунӣ буриши дарахтон дар фасли зимистон» бо намояндагони корхонаву ташкилотҳо доир гардид. Мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон оиди роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар самти ҳифзи олами наботот, буриши ғайриқонунии дарахтон дар фасли зимистон, вусъат бахшидан ба  корҳои ободонӣ, ки солҳои охир дар тамоми шаҳру деҳоти вилоят дар сатҳи хуби ташкилӣ ба роҳ монда шудааст маърӯзаҳо намуданд.

Ҷамъбасти озмун байни рӯзноманигорон

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷамъбасти озмуни вилоятии «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда – омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» байни намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсат Темур Нӯмонзода баромад намуда, қайд кард, ки чун анъана ҳар сол аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ озмун гузаронида мешавад. Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони ҳозира, дар ҳаёт ва ҷаҳонбинии мардум, нақши бузург дорад. Маҳз тариқи телевизион ва радио, рӯзномаву маҷаллаҳо аҳолӣ аз гузоришу навидҳои муҳимтарини ҷамъият огоҳӣ меёбанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.