Иҷроиши ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон дар ҳавзаи Сирдарё

Санаи 7 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи маркази таълимии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри  Гулистон Гуруҳи кории Иҷроиши ислоҳоти  бахши оби Тоҷикистон дар ҳавзаи Сирдарё  чорабинӣ доир намуд.

Дар он масъалаҳои ислоҳоти  бахши об дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии  фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи амалии  Барномаи ислоҳот, банақшагирии ҳавзавӣ дар қисми тоҷикистонии Сирдарё, ҳамзамон давраву таҳлили ҳавза, лоиҳаҳои  шарикии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, танзими ҳавзаи дарёи Зарафшон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Ташаббуси хонандагони мактаби Гёте

Хонандагони синфи 10 «Б»-и  гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд  тасмим гирифтанд, ки дар ҳифзи муҳити зист саҳм гиранд. Дар ибтидо онҳо партовҳоро ба гуруҳҳо ҷудо намуданро омӯхта, дигаронро низ ба ин кор талқин намуданд. Агар партовҳоро насӯзанд,  обу ҳаво ва хок ифлос намешавад. Дар мактаб ба ҳар як синф зарфҳои ранга гузоштанд: зардаш - барои маводҳои пластикӣ, кабудаш –барои коғазпора ва хокистарранг - барои компост. Байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар муддати кӯтоҳ ба онҳо муяссар шуд, ки 30 кг коғазпораро ҷамъоварӣ намуда барои коркард супоранд ва ҳоло аз паи ҷамъоварии  фулузот ва пластика  мебошанд.

 

Маъракаи хатнасур дар ш.Панҷакент

Дастгирии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат таҳти ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат баъд аз ифтитоҳи бинои нави бахш ва ҷаласаи ҷамъбастии Раёсат бо ибтикори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд дар тарабхонаи “Сино”-и шаҳри Панҷакент хатнасур карда шуданд.

Иштироки Раиси Кумита дар ифтитоҳи бинои нав дар шаҳри Панҷакент

Баъд аз қисми расмии ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темурҷон Нӯмонзода дар назди бино бо мақсади сарсабзии ҳамешагии ин мавзеъ ниҳолҳои дарахтони  ҳамешасабз шинониданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.