Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 Дар асоси нақшаи кории шуьбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров ва нақшаи тасдиқгаштаи Сарраёсат дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ ва ҷамоати шаҳраки  Б.Ғафуров  бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо зиёда аз 200 нафар аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ»  гузаронида шуд.  Рафти аксияаз ҳудудҳои аҳолинишин ва қадди  роҳҳо 6 тн партовҳои гуногун бароварда шуд. Баргузории аксия  тибқи нақша тариқи телевизиони ҷумҳуриявии Синамо ба навор гирифта ва намоиш дода шуд.

Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор

 Тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи масоили муҳими замон буда, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии таъсири манфии оқибатҳои он бояд чораҳои саривақтӣ андешида шаванд. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бароибеҳбудии ҳолати экологӣ ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон бо Ташкилоти ҷамъиятии«Гурӯҳи ҷавононоидба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории судманди бисёрсола дошта, дар соли равон низ якҷоя чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар идомаи чорабиниҳое, ки рў ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон нигаронида шудааст, дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзўи «Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор»  баргузор гардид.

Семинари омӯзишӣ Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

  Санаи  22  июли соли равон  дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Сугд семинари омӯзишӣ бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. доир гардид. Дар семинар сардорони шуъбаҳо, мудирон ва сармутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кормандони Сарраёсат иштирок доштанд. Сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. тибқи барнома талаботи қонунгузории санҷиши субъектҳои хоҷагидор, инчунин тавакалнокии субъектони хоҷагидорӣ, дуруст таҳия намудани нақшаҳои корӣ, мушаххас намудани самти санҷиш, дақиқ нишон додани мӯҳлат ва натиҷаи санҷишро мавриди омӯзиш қарор  дода, намунаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои оғоз, рафти санҷиш ва натиҷаи он таҳия мегарданд, пешкаши иштирокчиён  намуд. Иштирокчиёни семинар доир ба мавзӯҳои болозикр, муаммоҳои ҷойдошта ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баррасии татбиқи Барномаи давлатӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод

 Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод (Иҷлосияи понздаҳум, даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар аввал ҳамчун масъалаи асосӣ - рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар ноҳия баррасӣ карда шуд.Бо маърўза муовини якуми раиси ноҳия Ҷумъазода Н.Р. баромад карда, оид ба тадбирҳои андешида ва корҳои ба анҷом расонида, аз он ҷумла дар бораи фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳия ба вакилони халқ маълумот пешниҳод намуд.Ҳамзамон, дар маърўза қайд гардид, ки масъалаи мавриди муҳокима гардида хеле муҳим ва саривақтӣ буда, надонистани қонуну қоидаҳои амалкунанда ва  набудани  дониши экологӣ ба вайроншавии муҳити зист оварда мерасонад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.