Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба муташаккилона гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ барои мавсими ниҳолшинонии тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ, ки бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №557 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии мухити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои соли 2022» тасдиқ гардидааст, санаи 17 декабри соли 2022, дар МД «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд аксияи ниҳолшинониро баргузор намуд. Ба гузаронидани аксияи экологии ниҳолшинонӣ кормандони муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои дахлдор ва баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷавонон, донишҷўён ва хонандагони литсейҳои касбӣ ҷалб карда шуданд. Боиси қайд аст, ки дар боғи фарҳангию фароғатии мазкур тибқи талаботи меъёрҳои амалкунанда миқдори дарахт нисбат ба майдон кам буда, ба афзоиш ниёз дорад. Бо мақсади беҳсозии ҳолати экологии минтақа ва ҳудуди боғ дар рафти чорабинӣ зиёда аз 800 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкану хамешасабзи барои шинонидан дар ҳамин гуна боғҳо мувофиқ, шинонида шуд. Бо ин мақсад аз ҷониби сарраёсат ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, кастона, павлония ва дигар харидорӣ гардид.
Озмуни экологии «Мо дўстдори табиат» байни кўдакон натиҷагирӣ шуд
Дар МТТ№ 1-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Мо дўстдори табиат» бо иштироки сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист Азиз Ғуфронзода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов ҷамъбаст карда шуд. Бояд қайд намуд, ки озмуни «Мо дўстдори табиат» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16 –уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" гузаронида шуда, ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Баъди омўзиш ва баррасӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз миёни иштирокдорон 32 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ғолиб дониста, бо туҳфа ва сипосномаҳо қадршиносӣ намуданд. Шоҳҷоиза насиби тарбиятгиранда аз МТТ №19 Азимҷон Ҳасанов гардид. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун ташаккул ва баланд бардоштани мавқеи фаъоли кўдакон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи иҷрои рукнҳои “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади тарбия ва маърифати экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули хохиши устуувори, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ сурат гирифта, дарки афзалият доштани маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа ва бартараф кардани нуқтаҳои партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Конибодом, санаи 14 декабри соли ҷорӣ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар рафти чорабинӣ намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва Литсейҳои касбии шаҳр, дар маҷмўъ беш аз 3,8 ҳазор нафар иштирок карда, як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расонида шуд. Дар натиҷа, аз партовҳо тоза карда шуданд 9,8 километр ҷўйбору қадди роҳ, 300 метр минтақаи аҳолинишин аз алафҳои бегона ва 4 тонна партов ба партовгоҳ интиқол дода шудааст. Барои баргузории аксияи «Тозагии маҳал» аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом барои иштирокдорон 1200 адад халтаи калони полиэтиленӣ бо мақсади ҷамъоварии партовҳо ва 140 адад дастпўшак дастрас гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки аз ҷониби ҷавонон 1173 халта партовҳо, аз он ҷумла зарфҳои пластикӣ, қоғазпора халтаҳои полиэтиленӣ ва ѓайра ҷамъоварӣ карда шуд.
Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт
14 декабри соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи онро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Қобили қайд аст, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо ин мақсад, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла: эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе. Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.