Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуьбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ашт

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мутахассисони шуъбаҳои сарраёсат ва зерсохторҳо, дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда истодааст. Чунин амалиёт дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт, шоҳроҳи Хуҷанд - Меҳробод  гузаронида шуд, ки дар натиҷаи санҷиши аналитикӣ миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар 38 адад нақлиёти тамғаашон гуногун муайян гардид. Барои вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва барзиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера нисбати 4 нафар ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Озмун – викторинаи экологӣ дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров

  Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ давоми соли ҷорӣ баргузории як қатор чорабиниҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи II», ки аз тарафи Дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе дастгирӣ карда мешавад, дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров КВН - викторинаи экологӣ гузаронида шуд. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол бо иштироки муҳассилини 6 адад мактабҳои шаҳр озмун - викторинаи мазкур баҳри амалигардонии нашаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ҳифзи Замин роҳандозӣ гардида, 6 дастаҳои мактабӣ  аз рӯи шартҳои «Саломнома», «Вазифаи хонагӣ», «Гурӯҳи дастгирӣ» ва «Викторина» қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа дастаи  «Оби соф» аз МТМУ №4 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Экологони ҷавон» аз МТМУ №6 ҷойи 2-юм ва дастаи  «Зелёный патруль» аз МТМУ №1 ҷойи 3-юм гардида, соҳиби ҷоми озмун шуданд. Ба боқимонда дастаҳои мактабӣ барои иштироки фаъол сипосномаю тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Чунин озмун – викторина дар толори МТМУ №11 ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Дар озмун чор даста аз мактабҳои ҷамоат қувваозмоӣ намуда, ҷамъбаст муайян кард, ки дастаи «Экопатруль» аз МТМУ №20 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Муҳофизони табиат» аз МТМУ №11 ҷойи 2-юм ва дастаи «Замин» аз МТМУ №69 ҷойи 3-юм ва соҳиби ҷоми озмун гардиданд. Ғайр аз ин, ба дастаҳои ғолибони озмунҳои мазкур аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ҳамчун раиси ҳакамон Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

22 май- Рӯзи байналмиллалии гуногунии биологӣ

  Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда  ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия  қабул кард. Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад. Дар байни онҳо намудҳои нодир ва эндемӣ хеле зиёданд. Наздик 320 намуди растаниҳои гулдор (13% миқдори умумии наботот) танҳо дар вилояти Суғд ба назар мерасанд ва мавзеи паҳншавии онҳо аз ҳудуди вилоят намебароянд. Зиёда аз ин, дар вилояти Суғд олами гуногуни ҳайвонот макон гирифтааст, ки дар байни онҳо намудҳои нодир ва камёб ба монанди моҳии белбинии Сирдарё аз қабили моҳиҳо, геккончаи зиреҳпӯш ва калтакалоси алои фарғонагӣ аз синфи хазандаҳо, лаклаки сафед ва тазарви Сирдарёӣ аз синфи паррандаҳо, шомгардаки зардранг ва суғури Мензбир аз синфи ширхӯрон ва ғайраҳо сукунат доранд, ки аз гуногунрангии боигарии вилоятамон шаҳодат медиҳад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.