Дар толори муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 шаҳри Истиқлол баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур барои минбаъд таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Истиқлол бахшида шуда, дар рафти кори он тибқи даъват намояндагони асосан соҳаи маориф, аз он ҷумла шуъба ва дирек-торони мактаб, омўзгорони фанни экология, биология, забони давлатӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии вобаста ба таъминоти шаҳрвандон бо оби нӯшокӣ иштирок намуданд. Мувофиқи барномаи мизи мудаввар ба иштирокдорон аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», фаъолияти Маркази Орхус ва барномаи «Патрули сабз», ҳамчунин дар мавзӯи «Истиқлол: дирўз, имрўз ва фардо – муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷиҳати экологӣ» баромаду призентатсияҳо пешкаш гардид.
Иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Дави миллӣ
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 «Дар бораи Дави миллӣ» ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, санаи 15 майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд Дави миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят низ фаъолона иштирок намуда, як қатори онҳо бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардиданд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки Дави миллӣ аз назди КВД Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим
Дар солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро мерасонад. Бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ шуд. Зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва кишварҳои собиқи ИҶШС Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро имзо карданд. Саволе пайдо мешавад, ки кадом омилҳо боиси тағйирёбии иқлим мегардад? Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои парникӣ нисбат медиҳанд. Ба газҳои парникӣ ва гулхонаӣ – СО (оксиди карбон), СО2 (диоксиди карбон), СН 4 (метан), N2O (диоксиди азот), CF4 (перифторидхои карбон), SO2 (диоксиди сулфур) дохил мешаванд. Буриши дарахтону ҷангалзорҳо барои дарёфти ҳезум, майдонҳои бе дарахтро васеъ намуда сабаби зиёдшавии газҳои гуногуни парникӣ, хусусан гази СО2 мегардад, ки ба муҳити зист зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Аз ибтидои асри ХХ то имрӯз сатҳи хориҷшавии гази СО2 дар атмосфера 31% баланд гаштааст. Тибқи сарчашмаҳои иқлимию гидрометеорологӣ Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои парникӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.Иқлими кишвари мо - Тоҷикистонро асосан гарму хушк, континенталии шадид бо зимистону кӯтоҳи мулоим ва тобистони тӯлонӣ муаррифӣ кардаанд. Иқлими вилояти Суғд низ континенталӣ буда ҳарорати миёнаи моҳи январ (дар водӣ) - 1°С, моҳи июл + 28°С, дар баландии 1000 м бошад мутобиқан – 4°С ва +26°С ташкил медиҳад. Боришот 150 – 400 мм дар як солро ташкил медиҳад. Азбаски вилояти Суғд дар қисми тангнои водии Фарғона ҷойгир шудааст, ин ҷо ҳамеша иваз шудани ҳаво бо вазидани шамолҳо, махсусан дар резишгоҳи дарёи Сир ва обанбори Қайроққум ба назар мерасад.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Деваштич
Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсат, мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Истаравшан - Хуҷанд (минтақаи Деваштич) ва кӯчаи марказии ноҳияи Деваштич амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 66 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, ҳаҷми ихроҷи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз онҳо муайян гардид. Дар натиҷа нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.