Баҳри иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилоот ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсат дар кӯчаи Шириншо Шотемур-и шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
Мувофиқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони шуъбачаи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар водии Зарафшон дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент, ҷамоати деҳоти Чинор амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Баргузории аксия бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар ноҳияи Ашт
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар ҷамоати шаҳраку деҳоти Ашт, Понғоз ва Ошобаи ноҳияи Ашт аксияи «Тозагии замин» баргузор гардидааст. Аксия мазкур бо мақсади тоза намудани сойҳо аз партовҳои бесоҳиб ташкил гардида, дар рафти чорабинӣ ба ғайр аз намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия кормандони ташкилот, муассиса доираи васеи сокинони маҳаллаҳо, дар маҷмуъ беш аз 630 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа ҳудуди сойҳо аз партовҳои гуногун, аз ҷумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, зиёда аз 7,3 метри мукааб партовҳои бесоҳиб бароварда шудааст.
Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма!
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълу-мотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад.