Амалиёти назоратӣ дар самти канданиҳои фоиданоки маъмули умум дар шаҳри Хуҷанд

  Аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти навбатӣ аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи 3-юм  ҳангоми ғайриқонунӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум ба микдори 1,5м3 ба сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Раҳмонбердиев Махкам тибқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, ҷарима ва зарари ба табиат расонидашуда пешниҳод карда шуд.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва шуъбаи  мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар ҳамкорӣ бо нозирони БДА амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ), ҳамагӣ 43 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа нисбати 10 адад ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия, вобаста аз ҷойи истиқомат ирсол гардид.

Вохӯрӣ дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент

  Бо мақсади пешгирии вайроншавии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби кормандон бо иштироки намояндаи шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон вохӯрӣ бо 22 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон ташкил ва гузаронида шуд. Тибқи пешниҳоди мақомоти прокуратураи шаҳр дар бораи бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитхои ба онҳо мусоидаткунанда, ҷиҳати ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба иштирокдорон оид ба истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум, талаботи қонуни амалкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар интиҳо иштирокчиён ба саволҳои худ вобаста ба роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо ҷавобҳои мушаххас гирифта, гузаронидани вохӯриро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.  Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ барои пешгирӣ намудани вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби шаҳрвандон, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои табиии зеризаминӣ саҳми арзанда дорад.

Баргузории сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо» дар бахши «Экология»

  Бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти маориф ва иттилоот ҳамкории судманд бо Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд амалӣ карда мешавад. Дар соли равон низ бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 – 2040 як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд. Санаи 4 май дар бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо» аз рӯи 10 бахш, аз он ҷумла бахши «Экология» гузаронида шуд, ки ба ҳайси довар дар бахши мазкур намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд даъват гардид. Аз маҷмуи иштирокдорони сессияи вилоятӣ 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар бахши «Экология» иштирок намуда, корҳои илмӣ – тадқиқотии омӯхта ва баҳогузорӣ гардид. Аз ҷониби намояндаи сарраёсат камбудии иштирокчиён ислоҳ ва нисбати мавзӯҳои интихобгардида, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумоти васеъ пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа ғолибон соҳиби диплом ва роҳхат ба чунин сессияи ҷумҳуриявӣ гардида, боқимонда хонандагон барои иштироки фаъол бо сипоснома қадршиносӣ карда шуданд. Ҳадафи роҳандозии иқдоми мазкур ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ ва хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бахшида ба эълон гардидани 50-солагии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин барои баланд бардоштани донишҳои экологӣ, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, рушди қобилияти эҷодӣ ва малакаи ихтироъкории хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ саҳми арзанда дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.