Бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Панҷакент дар Маркази бозомӯзӣ бо иштироки хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии № 15 бахшида ба Рӯзи дониши экологӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии Замин семинар машварат доир гардид. Дар кори семинар мутахассисони шуъба дар бораи таърих ва ҳадафи таҷлили рӯзи донишҳои экологӣ ва Рӯзи байналмилалии замин, истифодаи оқилонаи замин, сабабҳои тағйирёбии иқлим ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» баромад намуданд.Рафти чорабинӣ тариқи телевизиони Ҷаҳоннамо инъикос карда шуд.
Соати экологӣ дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист дар ш.Гулистон
Баҳри таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва барқияи Сарраё-сати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон соати экологӣ бо хонандагони Муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 гузаронида шуд. Корманди бахши ҳифзи муҳити зист дар ш.Гулистон ба хонандагон доир ба мақсади асосии таҷлили Рӯзи Замин, саҳми хонандагон дар аксияҳои экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо баромад намуд. Омӯзгори фанни экологияи муассиса баргузории чунин соати омӯзиширо саривақтӣ арзёбӣ намуда, хонандагон низ ба саволҳои худ оид ба муаммоҳои ҷойдоштаи экологӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар асоси барқияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар бораи гузаронидани чорабиниҳо ва аксияи экологии «Тозагии замин» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1 ҷамоати деҳоти Ёва-и н.Б.Ғафуров конференсия гузаронида шуд. Дар он намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва ҷамоати деҳоти Ёва, омӯзгорони факултети геоэкология ва туризми Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ иштирок доштанд. Тибқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба таърихи ин санаи экологӣ, муносибати эҳтиёткорона доштан нисбати муҳити зист, иштироки фаъолонаи насли наврас дар беҳбудии муҳити атроф баромадҳо намуданд. Рафти конференсия дар байни хонандагони синфҳои болоӣ озмун дар мавзӯи “Ҳифзи Замин ” гузаронида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони озмун ва фаъолони чорабинӣ сипосномаву туҳфаҳо тақдим гардид. Конференсияи мазкур аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ташкил карда шуда, баҳри иҷрои бандњои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» равона гардидааст.
Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии Замин
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», баланд бардоштани дониши экологӣ ва ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии Замин фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз 14.04.2022, №24 «Дар бораи гузаронидани семинар ва аксияи экологии «Тозагии замин» бахшида ба санаи 22 апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии Замин» ба имзо расида, санаҳои 22 ва 23 апрели соли ҷорӣ дар миқёси вилоят бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Санаи 22 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Б.Ғафуров, Зафаробод ва Ҷ.Расулов бо иштироки хонандагону омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла Литсейҳои касбӣ семинар бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии Замин аз ҷониби кормандони зерсохторҳои сарраёсат гузаронида шудааст. Ҳамчунин, санаи 23 апрел дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аксияи «Тозагии замин» бо иштироки оммаи васеъ ташкил ва баргузор гардидааст, ки дар маҷмўъ беш аз 16,6 ҳазор нафар ширкат варзида, дар натиҷа 11,2 км ҷуйбор, 14,6 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд, 23 км соҳилҳои обӣ, 9,5 км заҳбуру канал ва 12,2 ҳазор метри мураббаъ майдонҳо аз партовҳо, аз ҷумла пластикӣ, алафҳои бегона ва хушк тоза гардиданд.