22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин

  «Рӯзи Замин – ин рӯзи ҷавобгарии мо дар назди сайёра, аҳли башар, ки дар он маскунанд, назди худи табиат, ки худ ҷузъи он мебошем» (С.Капитса)

  Соли 2009 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки ҳамасола санаи 22 апрел чун Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда шавад. Ҳадаф аз чунин иқдом – ҷалби оммаи васеъ ба масоили мубрами ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар ин қарордоди таъсиси Рӯзи байналмилалии Модар – Замин таъкид шудааст, ки Замин хонаи умумии мо буда, барои ноил гаштан ба мувозинаи одилона миёни талаботи мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ва наслҳои минбаъда баҳри муназзамии табиати сайёра чораҳо андешидан зарур аст.  Бори нахуст соли 1970 бо ин ният гурӯҳи ҷавонони Донишгоҳи Гарварди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамоиш барпо намуданд. Ин гурӯҳро  сиёсатмадори маъруф Гейлорд Нелсон дастгирӣ мекард. Ташаббуси мазкурро дар тамоми гӯшаю канори сайёра миллионҳо нафар ҳамовозӣ намуданд. Зери таъсири ин ҳаракат як қатор қонунҳои ба ҳифзи муҳити зист равонагардида қабул карда шуданд.

Амалиётҳои фаврӣ дар минтақаи Шӯркул

  Баҳри иҷрои фармоиши сардори Сарраёсат оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ  аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёти фаврӣ  шаҳрванд Муборакқадамов Рустам, ки дар минтақаи Шӯркӯли н.Б.Ғафуров ба воситаи қаиқи алюминӣ бо муҳаррики SUZUKI-15 бо истифодаи  5 адад  тӯрҳои моҳидории лескагӣ  - 91 сар зағорамоҳӣ, 9 сар суфмоҳӣ ва 1 сар мормоҳӣ сайд намудааст, ошкор карда шуд. Ба қонуншикан мувофиқи моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» зарар ба маблағи 6464,0 сомонӣ  муайян  гардида,  мавод барои чораандешӣ ба Прокуратураи вилоятӣ ирсол гардид.

Ифтитоҳи хоҷагии ёрирасони намунавии «Ҳифзи табиат» дар шаҳри Панҷакент

  14 апрели соли 2022 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода А.С., Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р., Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ., муовини раиси вилояти Суғд Мирдадо З., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва дигар шахсони масъул дар деҳаи Чимқалъаи ҷамоати деҳоти Саразм Хоҷагии ёрирасони намунавии (ниҳолпарварӣ) “Ҳифзи табиат”-и шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ифтитоҳ гардид. Дар кушодашавии расмии он, ки дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд, иттилоъ дода шуд, ки бунёди хоҷагии ёрирасони намунавии “Ҳифзи табиат” - и назди шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо мақсади парвариши ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан моҳи январи соли 2022 оғоз гардид. Масоҳати умумии замини хоҷагӣ 7 гектар буда, бинои якошёна барои фароҳам овардани шароити кории кормандон, дигар корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро гашта, барои кабудизоркунӣ 24 намуди дарахтон бо миқдори 63000 адад гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.

15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ

  Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз - пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсон мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ ин тарбияи маърифати экологӣ ба ҳисоб меравад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.