Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

  Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 26 октябри соли 2021 дар ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ», ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ дар толори бинои ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳия ва аксияи «Ояндаи бидуни пластикӣ» дар бозори марказии ҶДММ «Фаровон» баргузор гардид. Дар вохӯрии иттилоотӣ омӯзгорону хонандагони ҶДММ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров» ва намояндагони ҷамоати шаҳрак иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ ва ташкили коргоҳҳои коркарди чунин партовҳо маълумоти муфассал пешкаши иштирокдорон намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур  бо мақсади паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст. Дар навбати худ роҳбари ТҶ «Сафӣ» оид ба мақсади асосии лоиҳа, минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ ва аз матоъ сухан карда қайд намуд, ки татбиқи лоиҳа барои коҳиш ёфтани партовҳои пластикӣ, хусусан халтаҳои полиэтиленӣ имкон медиҳад.

Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар шаҳри Панҷакент

  Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Панҷакент озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун муассисаҳои таълимии шаҳр бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ ширкат варзиданд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладонаҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд. Озмуни «Тирамоҳи заррин» бо суханони ифтитоҳии директори Маркази таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳри Панҷакент оғоз гардида,  дар бораи ҳадафи баргузории озмун, шартҳои он ва ҳайати ҳакамон муаррифӣ карда шуд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, маводи видеоӣ оид ба корҳои иҷрошудаи гуруҳи нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Исфара

  Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳтар намудани вазъи экологӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар шоҳроҳи Хуҷанд – Исфара дидбонгоҳи “Нурафшон” амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 35 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол карда шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист дар асоси нақшаи кории Раёсат  кормандони  шуъбаи  назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва назорати таҳлил бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд  дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд.  Рафти амалиёт зиёда аз 50 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.  Нисбати ронандагони 4  адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд. Амалиёти мазкур тариқи телевизионҳои шабакаи якум ва “Синамо” наворбардорӣ карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.