Бо истифода аз мусоид омадани обу ҳаво ва тибқи нақшаи пешбинигардида дар шоҳроҳу кўчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда истодааст. Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар кўчаи марказии шаҳр чунин амалиёт доир гардида, дар рафти он 25 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шудааст. Барои муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ таҷҳизоти махсуси шуъбаи назорати таҳлилии сарраёсат истифода шуда, дар натиҷаи гузаронидани санҷиш ихроҷи партови моддаҳои ифлоскунандаи аз меъёри стандарти давлатӣ барзиёд ба ҳавои атмосфера дар чор ҳолат ошкор гардид. Нисбати ронандаи ин 4 адад воситаи нақлиёт протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ дар ҳамаи ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки 1815 нафар кормандони ташкилот, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинон доир гардид. Дар рафти аксия 3,9 км ҷӯйбор, 29,7 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд, 17 км қади роҳҳо тоза ва 230 бех дарахтон сафед карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия ба миқдори 11,8 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст.
Чорабинии кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар ноҳияи Спитамен
Масъалаи назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба шумор рафта, бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера дар роҳҳои нақлиётгарди миқёси шаҳру ноҳияҳо мунтазам амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати таҳлилии сарраёсат дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ васайёҳии ВКД Ҷумҳурии ТоҷикистондарвилоятиСуғд чунин амалиёт дар роҳи асосии нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен баргузор гардидааст. Дар рафти амалиёт нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия низ иштирок дошта, дар маҷмўъ 25 адад нақлиётитамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шудааст. Ҳангоми гузаронидани санҷиши нақлиёт миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавоиатмосферадарнатиҷаисӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардида, се ҳолати вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва ихроҷи барзиёди партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО) ба фазои атмосфера ба қайд расидааст.
Вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят
Санаи 16 феврали соли равон бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чора-биниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қодирҷонзода А.Қ. бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Намояндаи Раёсати Агентӣ зимни баромади худ оиди моҳият, самтҳои асосӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои стратегия, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, таъсири он ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ сухан намуда, қайд кард, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонун-гузорӣ фаъолият намуда, таъмини иҷрои стратегияи мазкур тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунанда ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Дар интиҳои вохӯрӣ кормандони Сарраёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.