Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани чашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд насби овезаҳои экологӣ идома дорад. Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр – Маҳаллаи 1 баннери экологӣ бо навиштаҷоти тарғиботии сайёҳати экологӣ насб карда шуд. Мақсад аз насб намудани овезаҳои экологӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист ва тарғиби саёҳати экологӣ маҳсуб меёбад.
Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ таҳти унвони "Ояндаи бидуни пластик!" дар шаҳри Истаравшан
Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 18 августи соли 2021 дар шаҳри Истаравшан аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии "Сафӣ" дар доираи татбиқи лоиҳаи "Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ", ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ ва аксияи "Ояндаи бидуни пластикӣ" баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои МИҲД-и шаҳри Истаравшан, мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон, сокинони фаъоли шаҳр, бахши ҷавонони шаҳр, волонтёрон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур бо мақсади паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.
Боздошти қуруқшиканон бо шасти барқӣ (электроудочка)
Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар ҳавзаи Сирдарё, минтақаи Палос ду нафар қуруқшиканонро ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ бо шасти барқӣ боздошт намуданд. Аз қуруқшиканон қаиқ бо муҳаррикаш, шастибарқӣва 20 адад моҳиҳои гуногун мусодира ва муваққатан ба анбори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сугд супорида шуд. Нисбати қуруқшиканон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров фиристода шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки шасти барқӣ ба гурӯҳи аслиҳаи маҳви оммавӣ дохил шуда, боиси кохиш ёфтани захираи моҳӣ мегардад. Фардҳои наслдиҳандаи ба майдони шасти барқӣ дучоршуда аз афзоиш монда, ба безурётии олами организмҳои обӣ мусоидат менамояд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб ва гузаронидани аксияи “Тозагии роҳ” дар шаҳри Истаравшан
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва бартараф намудани партовҳои бесоҳиб, аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан амалиётҳои шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёт дар қадди роҳи Истаравшан – Ниҷонӣ партовҳои бесоҳиб ошкор гардида, аз дохили партов ҳуҷҷатҳо ба номи шаҳрванд Исломов Обид - сокини деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дарёфт гардид.Нисбати Исломов О. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима ба маблағи 600 сомонӣ баста шуд. Ғайр аз ин бо пешниҳоди бахши ҳифзи муҳити зист аз тарафи шаҳрванд Исломов О. ҳамаи партовҳои партофташуда бартараф карда шуд. Ҳамчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳр аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардида, дар натиҷа 7 км ду тарафи қадди роҳи кӯчаҳои протоколӣ, аз он ҷумла ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Дар баробари ин корҳои сафед кардани танаи дарахтон ва нарм намудани замини он гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, дар рафти аксия беш аз 250 нафар иштирок дошта, 12 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.