Амалиётҳои фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар обанбори  Баҳри Тоҷик минтақаи Ташкентский ду ҳолати сайди ғайриқонунии моҳиро ошкор намуданд. Қонуншиканӣ аз тарафи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҷамоати деҳоти Исфисор ва шаҳри Гулистон кӯчаи И.Сомонӣ 12/2  содир карда шуда, дар маҷмӯъ 73  сар моҳӣ ва 45 адад тӯри моҳидорӣ мусодира  гардид. Нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 208 қисми 1 тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ш.Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафуров  фиристода шуд.

Шиносоии хонандагон аз корхонаи коркарди партов дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ бо иқдоми бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Исфара ва Конибодом дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Гӯшаи амрикоӣ» дар шаҳри Исфара хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ аз корхонаи коркарди партовҳои шаҳри Конибодом ҶДММ «Таҷ Эко» дидан намуданд. Муҳандиси корхона хонандагонро аз рафти фаъолияти корхона, тарзи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо шинос намуда, ин иқдомро барои беҳдошти муҳити зист ва кам шудани партовҳо маънидод намуд. Дар навбати худ хонандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус

  Санаҳои 10 - 11 августи соли 2021 дар толори меҳмонхонаи Сиренаи шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кори семинари мазкур намояндагони ҳамаи панҷ Марказҳои Орхус аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хорог ва Ғарм, инчунин сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» ҳамчун шарики доимии Марказҳои Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва дигар намояндагони шарикони рушд иштирок дошта, чорабинӣ бо дастгирии ташкилоти Дафтари барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар рафти семинар инъикоси мақсад ва вазифаҳои он, лексияҳо дар бораи қоидаҳо ва принсипҳои Конвенсияи Орхус, ҳуқуқ ба иттилооти экологӣ ва механизмҳои татбиқи он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои асосии иштироки аҳолӣ дар қабули қарорҳои назарраси экологӣ, асосҳо барои ҷустуҷӯи адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус, тартиби роҳҳои муҳофизати ғайрисудӣ (маъмурӣ) ва хусусиятҳои усули ҳимояи судӣ пешкаши иштирокдорон гардид. Дар қисми муҳокимаи маърўзаҳо саволу ҷавоб ба амал омада, дуюм маротиба бо саволнома корбарӣ карда шуд.

Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи пешбинигардида аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон чунин амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ - дизелӣ, бензин ва гази моеъ дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент баргузор гардид. Дар рафти амалиёти мазкур, ҳамагӣ 20 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида, нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.