Баргузории нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020

Санаи 17 феврали соли 2021 дар бинои Кумитаи идораи замини вилояти Суғд тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи замин ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», «Согдийская правда», маҷаллаи «Кайҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Озодӣ», «Фараж», телевизионҳои шабакаи «Тоҷикистон», ШТР «Азия», «7 Ситора», «Танин», ТВ Суғд, дар маҷмӯъ зиёда 20 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар соли 2020 дастрас гардид.

Аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» дар ноҳияи Б.Ғафуров

  Ба истиқболи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сокинони ҷамоат ҳамагӣ 170 нафар иштирок доштанд. Дар ҷараёни аксия ҳудуди ҷамоат ва сойи Хоҷабоқирғон аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, 10 тн. партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд. Чунин шанбегиҳо дар дигар ҷамоатҳову маҳаллаҳо идома доранд.

Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ дар хиёбони Р.Набиеви шаҳри Хуҷанд бо иштироки 124 нафар кормандони беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ ба номи А.Нурматов ва кӯдакистони Президентӣ аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Дар шанбегӣ ҳудуди беморхона ва кӯдакистон, қадди роҳҳо ва соҳили дарё аз партовҳои ҳархела ва алафҳои бегона тоза карда шуда, 2.4 м³ партов ба партовгоҳ бароварда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳристон

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист дар ҷамоати деҳот ва маркази ноҳияи Шаҳристон аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар аксия кормандони соҳаи тандурустӣ ва фарҳанг, ташкилоту идораҳо, омӯзгорону хонандагон, дигар сохторҳо ва сокинони маҳаллаҳо ҳамагӣ 1350 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия 24 ҳазор м2 кӯчаҳо рӯбучин, 1,5 км латок ва ҷӯйборҳо тоза карда шуда, партов ба миқдори 12м3 бароварда шуд. Инчунин дар назди корхонаҳо 0,15 га ҷой барои шинонидани гулу ниҳолҳо омода гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.