
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич дар асоси барқия бахшида ба Рӯзи дониши экологӣ ва Рӯзи умумиҷахонии замин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и ба номи А.Шарофов ва №1-и ба номи Ӯ.Ҳусейнов чорабиниҳои экологиро бо иштироки хонандагони синфи 9 ва 10-уми муассиса доир намуд. Дар чорабинӣ хонандагон аз ҳаёти нозирони патрули сабз видеороликҳо намоиш дода, дар бораи ҳифзи муҳити зист, хифзи олами олами набототу хайвоноти нодир маълумотҳо доданд. Ҳамчунин хонандагон ба се гурӯҳ тақсим шуда, ҳар се гурӯҳ бо номи «Атмосфера», «Муҳофизатгарони табиат» ва «Мухофизатгарони хок» оидигурӯҳҳоихуд маълумот доданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ баҳри баланд бардоштани дониши экологӣ ба нақша гирифта шудааст.





М
Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 35 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, 


