
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ ва Рӯзи Замин санаи 15 апрели соли равон дар гимназияи №1 ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия чорабинии маърифатӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 50 нафар муҳассилини гимназия ва омӯзгорон иштирок намуданд. Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Сафаров Ф. ба хонандагон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳифзи захираҳои об ва замин, масъалаи партов баромад намуда, барои иштироки фаъолона дар аксияхои экологӣ ба хонандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.



Ҳамасола санаи 15 – апрелро дӯстдорони табиат чун Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати
Тибқи нақшаи корӣ, дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ бахшида ба 15-уми апрель - Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар Гимназияи-1 ба номи Камоли Хуҷандӣ
Баҳри иҷроиши нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади густариши корҳои ободонию кабудизоркунӣ санаи 11.04.2020 дар тамоми шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд аксияҳои "Тозагии маҳал", "Тозагии соҳил" ва "Тозагии роҳ" баргузор гардид. Дар аксияҳои мазкур беш аз 11567 нафар иштирок намуда, 19636 метр ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш, 23673 метр қадди роҳҳо аз партовҳо тоза ва беш аз 121,6 м3 пар
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон 


