Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод беш аз 22 ҳазор аҳолӣ дошта, дар натиҷаи ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ муаммои экологии ташаккул ёфтани нуқтаи калони партовҳои бесоҳиб ба миён омадааст. Бо мақсади бартараф намудани нуқтаи мазкур бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ва якҷоя бо КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ин минтақа аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар рафти аксия ғайр аз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва корхонаи хоҷагии коммуналӣ 20 нафар сокинони ҷамоати шаҳрак иштирок намуда, бо истифодаи техникаи махсус 12 адад нақлиёти боркашонии тамғаи «Дулан» партовҳои бесоҳиб ба партов-гоҳи марказии ноҳия бароварда шуд. Ҳаҷми умумии партовҳои интиқолдода 180 метри мукаабро ташкил намуда, минтақаи мазкури ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳия бо пуррагӣ тоза гардид.
Маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Конибодом
Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Конибодом маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом, намояндагони ташкилоту идораҳо дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, дар боғи Истиқлолият ва майдони марказии Исмоили Сомонӣ дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад тибқи дастуру супориши бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Гулхона бо ҷалби техника партови бесоҳиб безарар ва хокпӯш карда шуда, 6 м3 партов бароварда шуд.
Иштироки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Иди Сада
Санаи 31 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди Сада дар баробари дигар сохтору ташкилотҳо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолона иштирок доштанд. Дар ярмарка фурӯш аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ниҳолҳои дарахтони нодиру ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо ба монанди санавбар, сарви аризонӣ, сарвинози тиллоӣ дар кӯза, коҷи кабуд, шамшоди калон, палма, магнолия, булут, каштани калон, каталпаи зебо, чинор, булут, сада, бирючинаи ҷилодор, юкка, коҷи кабуд ва гулҳои мавсимӣ ба намоиш гузошта шуд. Тибқи талабот ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо бо шиору овезаҳо ва зарфҳои махсус оро дода шуда, номгӯи ҳар яки онҳо бо навиштаҷот гузошта шуд. Дар интиҳо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист барои ҳиссагузорӣ дар ярмарка фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии зироатҳо бахшида ба Иди Сада бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда шуд.