Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кўкнор - 2019» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2019, №6172(31-6) ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни 2019, №51 бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 24 июни 2019, №57 «Дар бораи амалиёти «Кўкнор-2019» ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кори ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.



Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиии моҳиҳо ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ сайди моҳӣ дар ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои дар ҳудуди вилояти Суғд воқеъ буда аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеъӣ, новобаста аз шакли моликияту тартиби идоракунии онҳо
Баҳри
Санаи 10.07.2019 дар Маркази таълимии Бонки Миллӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи даҳуми Муколамаи ҳавзавии дарёи Сир оид ба Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир доир гардид.