Дар толори бинои МД «Қасри ҷавонони ба номи Л.Шералӣ»-и шаҳри Хуҷанд озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз баргузор гардид. Дар озмун – намоиш меҳмонон, парандапарварони чунин парандаҳои хушовоз аз пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе, аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Деваштичи вилояти Суғд дар маҷмуъ беш аз 40 нафар иштирок намуданд. Тибқи шартҳои баргузории чорабинӣ, аз ҳамаи иштирокчиён 25 парандаҳои хушовоз ба озмун роҳ дода шуда, доварони интихобгардида пас аз шунидани ҳар як паранда баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа иштирокчиён аз шаҳри Хуҷанд ҷойи якум ва сеюмро ишғол карда, иштирокчӣ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм гардид ва онҳо бо дипломи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, медал, ҷом ва тўҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, ба ғолиби озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз аз ҷониби намояндаи сарраёсат Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Ҳамчунин, ба 10 нафар барои иштироки фаъолона сипосномаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят супорида шуд.
23 октябр - Рӯзи ҷаҳонии бабри барфӣ
Бабри барфӣ ва ё озодапаланг аз ҷумлаи ҷонваронест, ки дар минтақаҳои кӯҳистони кишвари мо ҳаёти муқимӣ дошта, ба намуди махсуси муҳофизатшавандаи Тоҷикистон дохил гардидааст. Шикори ғайриқонунии озодапаланг ба хотири пусташ ин ҷонвари зеборо ба нестӣ овардааст. Бабри барфӣ аз нодиртарин ҷонварон аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад. Ҳоло наздик ба 6000 сар ин навъи паланг дар боғҳои вуҳуши ҷаҳон умр ба сар мебарад. Боиси таассуф аст, ки ин ҷонвари зебо, нодир ва пурғурур, имруз дар олам хеле кам мондааст. Ба руйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи 1 Конвенсияи СММ «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст. Айни замон дар олам лоиҳаҳои зиёде зери сарпарастии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттахид барои муҳофизат ва нигаҳдошти ин ҷонвари зебо амалӣ мешаванд. Ин гуна лоиҳаҳо дар Тоҷикистон низ татбиқ мегарданд. Мақсад аз рӯи кор овардани лоиҳаҳо муҳофизати ин ҷонвари зебо ва доно мебошад. Тоҷикистон хусусан Бадахшон макони аслӣ ва ҷои асосии буду боши озодапаланг ба шумор меравад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
Дар доираи аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ»-и мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд хонандагон, донишҷӯён, кормандони касбу кори гуногуни идораву ташкилот ва муассисаҳо ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро тозаву озода намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин рӯз аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати боло бурдани маърифати экологӣ гузаронида шуда, аз ҷумла таъкид гардид, ки шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ буда, гардиши сайёҳон рӯз ба рӯз зиёд гашта, партовҳои зиёд дар мавзеъҳои сайёҳгузар боиси озурдахотирии меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мегардад. Сокинонро зарур аст, ки дар ин самт масъулияти шаҳрдорӣ намуда, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми муносиб гузоранд, то ки меҳмонону сайёҳон бо таассуроти хуб ба кишвари худ баргашта, аз зебогии "Тирози ҷаҳон" бори дигар васфу тавсиф намоянд.
Вохӯрӣ бо донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани дониши назариявии экологӣ
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар доираи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» баҳри баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон вохўриҳоро баргузор менамояд. Бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ - амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат, вохӯрӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1 ва 4-и ихтисоси «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи сармутахасиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», муаммоҳои экологӣ, таъсири манфии ифлосшавии захираҳои об, ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, радиатсия ва муаммоҳои ҷаҳонӣ дар ин самтҳо, қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, инчунин доир ба сохтори мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят, назорати давлатии самтҳои ҳифзи муҳити зист, вазифаҳои асосии ҳар як шуъба ва сарраёсат, оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд ва дигар маълумот пешкаши донишҷўёну устодони иштироккарда гардид. Донишҷуён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, хоҳиш намуданд, ки чунин вохўриҳо дар муассисаи таълимии онҳо гузаронида шаванд.