Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбатии назоратӣ, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷ/д Ёва деҳаи Чаманзор аз тарафи мутахассисони Сарраёсат ошкор карда шуд, ки шаҳрванд Алиҷонзода В. бо нақлиёти боркаши худ тамғааш Камаз рақами қайди давлатиаш 45-40 НР02 поруҳои мурғро дар назди заминҳои аҳолинишин бо мақсади хушк намудан ғайрирасмӣ ҷойгир намуда, боиси ифлосшавии замин ва пайдошавии буйи ғализ гардидааст. Дар натиҷа нисбати қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 147 тартиб дода, товони зарар ба маблағи 448 сомонӣ пешниҳод гардид. Инчунин санад тартиб дода барои дар оянда такрор нашудани ин кирдор пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар самти канданиҳои фоиданоки маъмули умум
Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсат дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Исмоил худсарона бе иҷозати мақомоти дахлдор истихроҷ ва истифодабарии санги табиӣ аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Зил- ММЗ рақами қайди давлатиаш ТҶ 1842 КМ02 Худойназаров Ф.Ё. ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншикан Худойназаров Ф.Ё. бо моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои барои баррасӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар н.Б.Ғафуров фиристода шуд.
Ҷамъбасти озмуни «Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди иқтисоди «Сабз» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма
Дар маҷлисгоҳи Сарраёсат ҷамъбасти озмуни Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди иқтисоди «Сабз» байни кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Зимни баромад сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. нақши матбуот ва воситаҳои ахбори оммаро дар замони муосир қайд намуда, саҳми назарраси онҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ арзёбӣ намуд. Сипас ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Синамо» Каримов О.,номинатсияи «Бахши маводи матбуот» - идораи нашрияҳои “Ҳақикати Суғд”, “Согдийская правда”, “Тирози ҷаҳон” ва идораи нашрияи ҳизби халқи демократӣ дар ноҳияи Масчоҳ “Нигоҳи халқ” котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод диплом ва мукофотҳо супорида шуд.
Бартараф намудани партовҳо дар ноҳияи Спитамен
Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷиҳати беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, пешгирии таъсири зарарноки партовҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен бо ҷалби 2 адад техника дар ҷамоати деҳоти Тағояк соҳили сой аз партов тоза карда шуд.Баҳри тозагиву ободии муҳити атроф дар дигар ҷамоату шаҳракҳо низ аксияҳои экологии “Тозагии маҳал ва соҳил” мунтазам ташкил ва гузаронида мешавад.